Хушхабар!
Бо арзи эҳтиром ба самъи ҳаводорони ҳунару садои сарояндаи маҳбуб Ситораи Кароматулло
@sitorai_karomatullo расман мерасонем, ки санаи 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бону Ситора нахустфарзанди худро (духтар) таваллуд намуд. Аз дил муборак мегуем унвони модарӣ ва тавлиди фарзанди дерпо, ки орзуи муҳимтарини Ситора дар зиндагӣ буд. Номи тифлро ҳоло нагузоштанд. Самимона барои фариштаи илоҳӣ имони қавӣ, ҷисму ҷони бедард, бахту иқболи наку ва умри тулонии пурбаракат орзумандам! Ба кулли хонаводаи бону Ситораи Кароматулло меҳмони нав муборак! Хушпай шавад!