Дар ҷамъият вохӯрдан ва ҳамсӯҳбат шудан бо инсони воқеан комил, хоксору наҷиб, ширинкалому хушсалиқа кори саҳл нест. Дирӯз нафареро дидам, нафаре, ки ҳамеша дар ҷидду ҷаҳд, саъю талош баҳри беҳбудии ҷамъиятанд! Сарояндаи маҳбуб, арҷманд, шахси ҳалиму хоксор, сарояндаи оқила, зани нексиришту кушодачеҳра, Модари мушфиқ, маслиҳатгари беҳамто, дар сирату сурат зеботарин, дар зиндагӣ муваффақу сарбаланд Нигина Амонкулова!
Ба Нигинаҷон аз даргоҳи Яздон тамоми хушбахтиҳои ҳар ду оламро таманно дорам! Бигзор аз хушбахттарини хушбахттаринҳо маҳсуб бошед Нигинаҷон! Дар тамоми ҷодаҳои ҳаётатон комёб бимонед! Ҳеҷ гоҳ саратон дарду қалби бузургу беолоишатон ғамро набинад! Хандаи зебоятон ҳеҷ гоҳ чеҳраатонро тарк насозад! Ҳамеша чунин бимонед! Тамоми хушиҳои зиндагӣ насибатон!
Як сирри хурдакакро фош созам? Вақте бори нахуст ба консерт, ки бо номи ,, Гулбоғи орзу" дар театрии Ато Муҳаммадҷонов омадам, аввалинбор аз наздик сарояндаи хушовоз худро дидаму дар оғуш гирифтам бовар кунед худро хушбахттарин мухлис ҳисобидам ва дар дилам бозҳам дучанд роҳ ёфтанд, ҳамин Зани оқила, хушовоз, хушсимо, хушахлоқ, хушгуфтор. Ҳамеша сарбаланду комгор ва муваффақу хушрӯзгор бимонед! Нигинаҷони Азизу меҳрубонам!!!
Бо эҳтироми самимӣ: Шоҳсанами Ризо