ВАТАН🇹🇯❤
Чӣ қадар васф шудӣ,
Ки маро ҳарф набошад.
Чӣ бигӯям, чӣ тавонам?
Ки сазовор ба номат шуда бошад!
Чӣ бигӯям?
Ки дар он ҳарф таҷассум бинамоям ҳаяҷонам,
Чӣ дигар тоза биёрам бари он суфра, ки қадре
Ба сукунат ба танам печ хурад риштаи ҷонам.
Ай Ватан!
Ман ҳамин ҷо, ба ҳамин дам
Гиря дорам,
Ки фақат лаҳзае аз ин вақти тасаввур,
Ки шудам дур,
Зи канори ту, манам зиндаи дар гӯр!
Нотавонам,
Натавонам биравам фосилае дур.
Бирасам то дами ғурбат ба яке,
Манаму қофилае шӯр.
Ту, ки армони манӣ,
Ту, ки ин зиндагии бесарусомони манӣ.
Беҳтарин ваъдаи сомони ман он ҷост, ба сарманзили дур,
Ман вале ҳеҷ натонам биравам то дари даҳлези сари гӯр.
Ту маро пораи ҷонӣ,
Ту азизию азизона бимонӣ,
Ай Ватан!
Пораи лахти ҷигарам,
Дар баҳори ту фақат гулбасарам.
✍🏼Шоира Раҳимҷон❤
@shoirarahimjon❤
@niginamusic🤍