Соати дидори асри бистуяк овоз дод,
Эй хумори бистуяксола, Худоят боз дод!
Лаҳзае бедор шав, ин пардаро такрор нест,
Бистучор оҳангро мутриб ба як пардоз дод.
Менавозад тори дилро резаборони баҳор,
Зиндагонӣ аз муҳаббат ёди ширинбоз дод.
Ёд бодо чорзарби ошиқони покбоз,
Соз омад, созтар шуд, соз бурду соз дод.
Бори ҷонам мекушояд бол сӯят, боз, боз,
Кафтари чашмони мастат инчунин парвоз дод.
Шашмақоми кокулонатро кашидам дар наво,
Як тарона аз мақоми тозае оғоз дод.
Озарахш, аз Ҳазрати Туғрал навоям мерасад,
Қиссаи "Ушшоқ"-и моро шеваи "Шаҳноз" дод.