Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Нестӣ ту булбули чӯлӣ, ки афғон сар кунӣ,
Чашмро бо камтарин ашки надомат тар кунӣ.
Бевафоии гули хори биёбон дидаву,
Манзили худро нишемангоҳи ғору ҷар кунӣ.
Ошён гар паст бошад, бод вайронаш кунад,
Бачча ҳам бозичаи санги фалахмонаш кунад.
Гурбаи мискин,ки умре дар ғами болу пар аст,
Чӯҷаҳои навпаратро роҳати ҷонаш кунад.
Дуртар парвоз кун аз лона-аз ҷои баланд,
То ки парвози ту ояд, дӯстдоронро писанд.
То ба сӯят чашми ҳайрат дӯхта, гӯяд Ватан,
"Эй, хушо гаштаст фарзанди азизам арҷманд.
Гар куни парвоз, парвоз аз уқобон ёд гир.
Аз давиданҳои аспи рӯзгорон ёд гир.
Хоҳ гирйи, хоҳ хандӣ, чун баҳорон сабз бош,
Чанги раҳро шустан аз борони найсон ёд гир.
Гар куни парвоз бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор,
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор.
✍🏻Устод Мирзо Турсунзода
@niginamusic🤍